Ҳозирини гиромиқадр, муҳтарам иштирокчиён Шуморо ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоя.
Дар таълифоти илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми Конститутсия одатан қонуни асосии қувваи олии ҳуқуқӣ дошта фаҳмида мешавад.Чун истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд, ин санади муҳими сиёсиро метавон ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии таърихӣ муаррифӣ намуд.
Инсон аз замони шуруи фаъолиятҳои худ давра ба давра барои рушду нумуи давлатдорӣ санадҳои зиёдеро таълиф намудааст,ки онҳо муаррификунандаи мавҷудияти халқу миллатҳо дар як давраи муайяни таърихӣ буда, аз тарзи зиндагӣ,сатҳи тафаккур,фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавии онҳо шаҳодат медод. Имруз бо ифтихор метавон гуфт,ки дар замони ҳукмронии фарзанди фарзонаи миллати Форс Куруши Кабир аввалин Эломияи ҳуқуқи башар, ки таърихи зиёда аз дувуним ҳазорсола дорад қабул шудааст.
Дар асл бошад, ҳамагон огоҳ ҳастем, ки Конститутсия ҳачун қонуни асосӣ дар шаклу мазмуни ғояҳои имрӯза дусад сол боз арзи вуҷуд дошта, аввалин маротиба дар таърихи тамадуни башарӣ дар Амрико қабул карда шудааст.
Дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонун) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар ба тариқи раъйпурсӣ аз ҷониби халқ кабул карда шуд.
Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуда, маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта, барои устувории пояҳои давлати мустақил қабул карда шуд.
Зеро ҳама хуб дарк мекарданд, ки танҳо бо қабули Конститутсияи нав ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, устувор мегардад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонт дар вазъияти душвори сиёсии солҳои навадуми қарни сипаригардида, қабул гардид, воқеаи нодиру фараҳбахши сиёсӣ дар таърихи миллати мо маҳсуб ёфта,барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани хадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Сарчашмаҳои меҳварии қонуни ассосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баҳрабардорӣ пешниҳод намудааст,ки аввалин маротиба дар таърихи таълифи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф кардааст ва ин ифода қурбу манзалати инсонро дар ҷомеа боз ҳам барҷаста таҷҷасум менамояд,ки бо ин Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ устувор ва заминаҳои боэтимодро гузошта истодааст.
Барои ин ба мо зарур аст, ки танщо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стартегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандустиву хештаншиносӣ ва эҳтирому роиояи қонун ба воя расонем.
Раванди фаъолияти 33солаи соҳибистиқлолии милати тоҷик бо сарварии Ҷаноби Олӣ, мӯҳтара Э.Раҳмон тақозогари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, бо шарофияти сиёсати хирадмандонаи ин абармарди асил ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи муҳтарамонаро ишғол намудааст. Дар суханрониҳои худ сарвари давлат пайваста кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷараёни тафтишу ба амалбарории адолати судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон қатъӣ риоя карда шавад.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз аз сарнавишти таърихи навини тоҷикон дарак дода, гузариш аз ҷомеаи собиқи сатссоилистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтиоӣ , сиёсӣ ва фарҳангиро эҳдо намуд.
Дар Конститутсия дарҷ ёфтааст, ки давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Дар бораи ҳуқуқ озодиҳо ва ӯҳдадориҳо сухан гуфта бояд як чизро таъкид сохт. Шаҳрвандон набояд ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсия пешбинишударо ҳамчун як меъёри беандоза, бесарҳад буда қабул кунанд. Ҳар як озодӣ ҳаду ҳудуд ва меъёри худро дорад ва ин ҳад тибқи Конститутсия ба роҳи ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбини шуда маҳдуд карда мешавад.
Боби ҳаштуми Конститутсия ба суд бахшида шудааст, ки тибқи он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.Суд дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суд
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофияти ин Конститутсия
Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои миллати таърихӣ, манбаи ассосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои милли халқи тааддунсози тоҷик ва ҳифзкунандаи ормони чандинасраи ниёгонамон бошад.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо бо таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бузургтарин дастоварди миллати мо ба шумор меравад, шодбош гуфта, дар татбиқи нақша ва ниятҳои некатон, ки ба рушди Ватани маҳбубамон равона гардидаанд, муваффақиятҳои беназиро таммано дорам.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам !