Ваҳдат номаи тақдири мо,
кафили сарҷамъиву
хушбахтии имрӯзу ояндаи
халқамон аст.
Эмомали Раҳмон
Чи тавре ки таърих гувоҳ аст, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли Тоҷикистон ба имзо расид. Пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур дар Тоҷикистон сулҳу субот, якдигарфаҳмиву дӯстӣ ва оромии мардум пойдор гардида, душвориҳову монеаҳо паси сар шуда, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Бо раҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муттаҳидкунии нерӯҳои сиёсиву пешбарандаи ҷомеа, созмону ҳаракатҳо баҳри пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқлолият Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмон дода шуд. Чун ҳамагон огаҳӣ дорем, 27-уми июн дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик, аз ҷониби хурду бузурги сокинони кишвар бо ифтихору шодӣ ва шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар он давлате, ки ваҳдат аст, сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост.
Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорем, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу муборизаи мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзӯву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар замину замон аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки то ба имзо расидани Созишномаи мазкур миллати тоҷикро хатари пароканда шудан ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлол таҳдид мекард. Хушбахтона, бо кӯшишу ҷонканиҳо, донишу заковат ва зиракии сиёсии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонӣ бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор карданд, ки имрӯз аз он айём 26 сол сипарӣ мегардад.
Тӯли солҳои сипаригашта маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат ободу зебо шуд, вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар рӯ ба беҳбуди ниҳод, дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида шуд ва сулҳу ваҳдат пойдору устувор гардид.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он кӯшиш намуда, бо мақсади эҳёву устувории арзишҳои миллӣ ва вусъат додани тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона саъй намоем.
Новобаста аз ин ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсии худ, бояд дарк намояд, ки рушди минбаъдаи ҷомеа, дустиву рафоқат, пойдории сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ ва амалӣ гаштани умеду орзуҳо бидуни ваҳдати миллӣ имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои пешрафти Тоҷикистони азиз ва амалӣ гардидани мақсаду орзуҳоямон ваҳдати миллиро чун дигар арзишҳои миллӣ ҳифз намоем.
Бунёдгузори сулҳи тоҷикон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калимаи Ваҳдатро чунин маънидод кардаанд. “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ қайд мекунанд, ки ояндаи миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва мо ба ҷавонони кишвар эътимоди комил дорем, ки арзишҳои миллиамонро пос дошта, Ватани азизамон Тоҷикистонро боз ҳам зебову шукуфо ва дар арсаи байналмиллалӣ яке аз давлатҳои пешрафта муаррифи мекунанд. Ба ин гуфтаҳои марди хирадманд ҷавононро мебояд барои бозҳам пешрафту шукуфоии кишвари азизамон кӯшиш намуда, ба Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда, ба ин суханҳои Пешвои миллат сазовор будани худро исбот намоянд.
Дар фарҷом фарорасии ҷашни фархундаи ваҳдати миллиро ба тамоми халқи Тоҷикистон, аз ҷумла ба мардуми шарифи Бадахшон муборак бод гуфта, орзӯмандам дар хонаи ҳар яки онҳо сулҳу субот, оромӣ, файзу баракат ва меҳру муҳаббат пойдор бошад.
Сардори шуъбаи когузории суди ҳарбии гарнизони Хоруғ
Азимӣ Сарҳад Мурод