Тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди ВМКБ 24 апрели соли 2026 машғулияти семинарии судяҳои Суди ВМКБ, судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва суди ҳарбии гарнизони Хоруғ дар бинои суди ВМКБ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Раиси суди ноҳияи Ишкошим Искандархонзода Ф. дар мавзӯъи » Муқарароти умумӣ оид ба меросгирӣ» ва «Меросгирӣ тибқи ваяистнома» баромад намуда, қайд кард, ки мувофиқи моддаи 1252 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Меросгирӣ гузариши молу мулки шахси вафоткарда (меросгузор) ба шахс (шахсон)-и дигар — меросгир (меросгирон) бо тартиби ворисии ҳуқуқии умумӣ дар намуди бетағйир ҳамчун якмаҷмуи том ва дар ҳамон як лаҳза мебошад, агар аз муқарароти Кодекси мазкур тартиби дигар барнаояд. Меросгирӣ бо Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 