РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БАРӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Дар маркази маъмурии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳпаймоии идона аз назди Боғи Ғалаба то майдони И. Сомонӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми қишриҳои ҷомеа аз ҷумла роҳбарият ва кормандони дастгоҳи  суди ҳарбии гарнизони Хоруғ иштирок намуданд.
Пас аз роҳпаймоӣ дар майдони И.Сомонӣ чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик намуд.

      Гуфта шуд, ки арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, ин қадрдонӣ ва эҳтироми давлату давлатдории миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсонӣ дониста мешавад. Дар ин росто, Парчами давлатӣ, ҳамчун ифодакунандаи орзуву омоли халқи тоҷик, дар қатори дигар муқаддасоти миллат, арзиш ва ҷойгоҳи махсус дорад.Бо ифтихор метавон иброз намуд, ки халқи тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар масъалаи парчамдорию парчамсозӣ пешгом будаанд.
Аз ин ҷиҳат, аз замонҳои қадим Парчам қадру манзалати баланде дошт ва халқи тоҷик онро дар қатори дигар муқаддасот азиз медошту ҳифз мекард.
Аммо, танҳо Истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард, ки рамзҳои давлатӣ аз нав эҳё ва қонунан мавриди истифода дар дохил ва хориҷи кишвар гарданд.

     Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Дар охири чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.