ВОХӮРИИ СУДМАНД

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев вохӯрии судманди судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Шарофзода Далер  Сабоҳиддин ва судяи Суди ВМКБ Назрӣ Муҳаммадвалӣ  бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи “Пешгирии хатарҳои хурофот, ифротгароӣ ва терроризм” баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Комилбек Амид Ёрбек иброз доштанд, дар зарфи 35 сол бо саъю кӯшишҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз амнтарин кишварҳои олам шинохта шуда, бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад.


Судяи Суди ВМКБ Назрӣ Муҳаммадвалӣ дар баромади худ перомуни мавзуъҳои хатари таълимоти ғайрирасмии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ изҳори назар намуданд.


Дар вохӯрӣ Шарофзода Далер судяи Суди горнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ маъруза намуда, доир худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба забони давлативу фарҳанги миллӣ ва рӯ овардан ба мутолиаи китобҳои илмву бадеӣ дар назди ҳозирин ҳарф заданд.


Дар фарҷоми қайд гардид, ки баргузоии чунин вохӯриҳо сари вақтӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон муфид мебошанд.