СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Санаи 10 марти соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар толорҳои маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо иштироки судя ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, судяҳои Суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, прокурорҳои ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазоарти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти милии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Раёсати минтақавии гумрук дар ВМКБ баргузор гардид.