МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВМКБ, СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВА СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ХОРУҒ

Санаи 24 апрели соли 2026 машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи Суди ВМКБ, судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва суди ҳарбии гарнизони Хоруғ дар толори маҷлисгоҳи суди ВМКБ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хоруғ Абдумаинова М.А. дар мавзӯъи  «Шаклиҳои тарбияи кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд» баромад намуда, қайд кард, ки мувофиқи Кодекси оилаии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзандхонӣ танҳо бо риояи манфиатҳои беҳтарини кӯдак иҷозат дода мешавад ва пас аз он байни фарзандхонанда тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳуқуқии оилавӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамзамон, қонунгузорӣ талаб мекунад, шароити зиндагӣ, қобилияти тарбиявӣ ва вазъӣ ахлоқии шахсони фарзандхонанда бодиққат санҷида шавад.

Инчунин мавзӯъҳои «Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои оила», «Вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматчии давлатӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматчии давлатӣ» ва «Ҷиноятҳо ба муқобили саломатии аҳолӣ», мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.