ИШТИРОКИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВИ ОИД БА САВДОИ ОДАМОНҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

9-уми марти соли 2026 дар театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар ВМКБ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер иштирок ва оид ба муқовимат ба савдои одамон суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласаи Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон судя ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ   иштирок намуданд.