КОНСТИТУТСИЯ — АСОСИ ХУКУКУ ОЗОДИИ ИНСОН

 

КОНСТИТУТСИЯ — АСОСИ ХУКУКУ ОЗОДИИ ИНСОН

Конститутсияи Чумхурии Точикистон хамчун санади сарнавиштсоз ва меъёрхои олитарини хукукии кишвар пояи устувори давлатдории милли ва нишонаи равшани истиклолияти сиёси ба хисоб меравад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба Конститутсия эҳтиром гузорад, онро омӯзад ва дар амал татбиқ намояд. Зеро эҳтироми қонун — ин эҳтироми Ватан ва миллат аст.
Конститутсия — ин на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки китоби тақдири миллат, рамзи соҳибистиқлолӣ ва пояи мустаҳками давлатдорӣ аст. Дар ҳар як давлати демократӣ Конститутсия мақоми олиро дошта, сарчашмаи асосии қонунгузорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад ва имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳуҷҷати тақдирсоз ва санади асосии давлатдорӣ роҳнамои рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мебошад. Таъмини риояи дақиқи он аз ҷониби ҳар як шаҳрванд кафолати суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва пешрафти устувори ҷомеа мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин сана дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи тақдирсоз сабт шудааст, зеро маҳз бо қабули Конститутсия роҳи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муайян гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои олӣ — соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсонро таҷассум мекунад.
Конститутсия моро ба эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад. Он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон роҳнамои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ буда, кафолати сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Мутахассис пешбар-тарчумони суди харбии гарнизони Хоруг.