Паёми Пешвои миллат: Роҳнамо ба ҷавонон

Ҷавонони азиз ва гиромӣ!

Паёми Пешвои миллат барои ман ҳамчун роҳнамои равшан хизмат мекунад ва моро водор месозад, ки барои пешрафти кишвари азизамон ва беҳбудии зиндагии ҳар як шаҳрванд масъулиятшинос бошем. Ин паём, бахусус барои шумо – ҷавонон, аҳамияти бузург дорад, зеро ояндаи давлат ба фаъолияти шуморо вобаста мебошад. Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва асоси рушди кишвар мебошанд, ва таълим, дониш ва малакаи касбӣ дар ин раванд нақши муҳим доранд.
Дар паём таъкид шудааст: «Рушди иқтисод, таълиму тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳадафҳои асосии давлат мебошанд». Ин суханҳо моро водор месозанд, ки ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем. Муҳим аст, ки ҳар як ҷавон имкони таҳсил ва такмили донишро дошта бошад. Таҳсил ва дониш на танҳо барои рушди шахсӣ, балки барои рушди умумии ҷомеа замина мегузоранд. Аз ҳамин рӯ, бояд барои донишҷӯён ва омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то онҳо тавонанд малакаҳои муосир ва донишҳои навро соҳиб шаванд.
Ҷавонон бояд фаҳманд, ки таҳсил танҳо барои гирифтани шаҳодатнома ва дараҷа нест, балки барои рушди тафаккур, ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Бо дониш ва малакаҳои касбӣ ҷавонон метавонанд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илм, фарҳанг, техника ва технология саҳми фаъол гузоранд. Ман ба шумо таъкид мекунам: ҳар як донишҷӯ бояд бо ҳисси масъулият ва ҷиддият таҳсил кунад, зеро фардои кишвар ба дониш ва қобилиятҳои шумо вобаста аст.
Паём ҳамчунин моро ба ҳифзи сулҳу ваҳдат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳидоят мекунад: «Ҳифзи сулҳу ваҳдат, эҳтироми ҳуқуқ ва арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст». Ҷавонон бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунанд ва бо ҳамдигар эҳтиром дошта, барои таҳкими ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоранд. Бо ин амалҳо мо на танҳо ҷомеаро мустаҳкам мекунем, балки насли ояндаро бо арзишҳои воқеии миллӣ ва ҷомеавӣ шиносонем.Соҳаи маориф ҳамчун асоси пешрафт бояд дар маркази таваҷҷуҳи шумо бошад. Барои рушди кишвар омӯзгорони боистеъдод ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим доранд. Муҳим аст, ки ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон ҳамеша малака ва донишҳои худро такмил диҳанд. Ба воситаи таҳсил ва омӯзиш ҷавонон метавонанд дар арсаи байналмилалӣ бо дониш ва малакаи худ номи Тоҷикистонро баланд бардоранд.
Паём моро ҳидоят мекунад, ки рушд ва пешрафт тадриҷан ва бо заҳмат ба даст меоянд. Ҳар иқдоми хурд дар роҳи таҳсил ва омӯзиш метавонад таъсири бузург дошта бошад. Ҳар як ҷавон бояд ҳисси масъулиятшиносии худро нисбат ба ҷомеа ва кишвар зоҳир намояд. Бо заҳмати пайваста, муттаҳидӣ ва эътимод ба оянда мо метавонем на танҳо орзуҳои шахсӣ, балки орзуҳои умумимиллиро амалӣ созем.
Дар охир мехоҳам таъкид намоям, ки паём барои ҷавонон ва бахусус барои онҳое, ки дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд, ҳамчун роҳнамо ва дастур аст. Бо заҳмат, илм, дониш ва ҳисси масъулиятшиносӣ мо метавонем Тоҷикистони шукуфон ва пешрафтаро бунёд кунем. Ман ба ояндаи кишвари худ бо умед ва эътимод нигоҳ мекунам ва ба ҳамаи шумо пешрафт, саодат ва саломатӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром ва самимият,
судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ
майори адлия Шарофзода Далер Сабоҳиддин