Дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 14 уми ноябри соли 2025 аз ҷониби Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа бо иштироки роҳбарияти суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Давлатманд Юсуфзода, судяи суди шаҳри Хоруғ ва кормандони дастгоҳи судҳои болозикр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро бо фарорасии «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик кард.

Инчунин иштирокчиёни маҷлиси мазкур: Раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Давлатманд Юсуфзода, Муовини Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саломатшозода Мумин Давлатшо, судяи суди шаҳри Хоруғ Юсуфбекзода Роҳила Юсуфбек, ва мудири бахши таъмину ташкили кори судҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тойчиева Перизат Шакировна вобаста ба заҳмату талошҳои Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонии кишварамон маъруза карда, иштирокдоронро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуданд.

Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 

