«ЗАНОНИ МАРДСОРО ДӮСТ ДОРАМ»

«ЗАНОНИ МАРДСОРО ДӮСТ ДОРАМ»
Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади таҷлили арзандаи 33-юмин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони «Занони мардсоро дӯст дорам» баргузор гардид.
Ҳамоиши таҳти роҳбарии Раиси Кумита Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Зунайда Раҷабзода доир гардид. Дар анҷоми мантиқии ҳамоиши “Занони мардсоро дуст дорам” ба афсарзанони матин барои хизматҳои шоён бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардиданд.
Аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ барои саҳми арзанда дар амалӣ намудани фаъолияти хизмати ҳарбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, Қандшоева Рамзия Аловатшоевна  бо СИПОСНОМА сарфароз гардонида шуд.